Аз муҳоҷирон дар қаламрави Русия даъват карданд, ки дар гирдиҳамоиҳо ва дигар чорабиниҳои бидуни иҷозат ширкат накунанд. Бо чунин даъват Федератсияи муҳоҷирони Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ муроҷиат кардааст. Вадим Коженов, раҳбари федератсия таъкид намудааст, ки иштироки муҳоҷирон дар гирдиҳамоиҳо метавонад ба боздошт ва ихроҷи онҳо аз Русия сабаб шавад. Ин даъват дар шароите садо медиҳад, ки рӯзҳои 23 ва 31-юми январ дар Маскаву Санкт Петербург ва як қатор шаҳрҳои дигар ба ҷонибдорӣ аз раҳбари мухолифони Русия Алексей Наваланий намоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Мақомот то ин дам ҳазорҳо нафарро дастгир кардаанд.