Додгоҳе дар Қирғизистон мӯҳлати ҳабси муваққатии собиқ президент Алмосбек Отамбоевро то 7-уми апрел тамдид кард. Замир Ҷоошев, вакили Отамбоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи Биринчи майи шаҳри Бишкек рӯзи 4-уми феврал бори дигар талошҳо барои интиқоли Отамбоеви 64-сола ба ҳабси хонагиро рад кард. Отамбоев июни соли 2020 барои нақшаш дар озод кардани як ҷинояткори бонуфуз ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Моҳи ноябр Додгоҳи олӣ ин парвандаро бозпас барои баррасӣ дар додгоҳи ноҳиявии Бишкек фиристод, сабаби ин тасмим шарҳ дода намешавад. Отамбоев мегӯяд, ки гуноҳ надорад.
Моҳи октябр, вақте баъди интихоботи парлумонии баҳсбарангез дар кишвар эътирозҳои сартосарӣ сар зад, Отамбоев ба озодӣ баромад, вале чор рӯз баъдаш бо иттиҳоми ташкили намоиши эътирозии ғайриқонунӣ дубора боздошт шуд. Ӯ августи соли 2019 баъди як муқовимати дурӯзаи мусаллаҳона ба боздошташ, ки миёни тарафдорони ӯву ходимони полис сар зад ва дар натиҷа як ходими амният кушта шуд, худро ба полис таслим кард. Дар ин ҳодиса 170 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Президенти собиқ ва 13 нафари дигар дар куштор, сӯиқасд ба куштор, таҳдид ваё озори намояндаи давлат, гаравгонгирӣ ва ғасби қудрат муттаҳам мешавад. Ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи ин қазия шурӯъ нашудааст.