Ба далели бадтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, тасмим шудааст, ки карантинро сахттар кунанд.
Дар ин бора сартабиби беҳдоштии шаҳри Алмато Жандарбек Бекшин қарор қабул кардааст.
Маҳдудиятҳои карантинӣ фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратиро дар бар мегирад.
Шуруъ аз 1 феврал дар шаҳр фаъолияти театрҳову кинотеатрҳо қатъ мешавад.
Марказҳои тиҷоратӣ аз соати 10 субҳ то 22 шаб кор хоҳанд кард ва дар рӯзҳои истироҳат баста боқӣ хоҳанд монд.
Мағозаҳои хурокворӣ то соати 17 кор ва дар рӯзҳои истироҳат баста хоҳанд монд.
Дар Қазоқистон 182 ҳазору 530 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 2 521 ҳолати марг аз ин вабо сабт шудааст. Мунтақидон мегӯянд, оморҳои воқеӣ ба маротиб бештар аз оморҳои расмӣ ҳастанд.