Human Rights Watch (HRW) – созмони ҳомии ҳуқуқи инсон ба интиқодҳои афзояндаи Русия ҳамроҳ шуд ва хост, ки, ба қавли ин созмон, мақомот маъракаи “ғайриқонунии” худ алайҳи мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний ва ҳамкоронашро хотима диҳанд. Рӯзи 21-уми январ дастикам панҷ шарики сиёсатмадори 44-сола ҳам боздошт шуданд. Мақомот шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабариро аз паҳн кардани хабари даъват ба баргузории намоиши эътирозии рӯзҳои истироҳат ҳушдор доданд. Аз рӯи пешбиниҳои мухолифон, рӯзи 23 январ дар даҳҳо шаҳри Русия ба нишони пуштибонӣ аз Навалний, ки рӯзи 17-уми январ баробари бозгашт аз Берлин ва муолиҷаи баъди заҳролудшавӣ дар моҳи август боздошту рӯзи дигараш ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум шуд, раҳпаймоӣ мекунанд. Дар изҳороти HRW омадааст, ки “мақомоти Русия дар пешорӯи намоишҳои эътирозии 23 январ фаъолону донишҷӯёни ҳамраъй бо Алексей Навалнийро азият, таҳдид ва боздошт мекунанд”. Дар изҳороти созмон инчунин гуфта шудааст, ки мақомот ба шабакаҳои иҷтимоӣ амр доданд, ки тамоми навиштаҳо бо даъвати мардум ба тазоҳуротро бардоранд ва ба ширкатҳо таҳдид карданд, ки онҳоро бо ҷаримаҳои ҳангуфт муҷозот мекунанд. HRW мегӯяд, мардум барои эътирози сулҳомез аз роҳи баёни озоди андеша ва таҷаммӯи сулҳомез алайҳи ноадолатӣ, аз ҷумла дар қазияи Навалний ҳуқуқ дорад.