Сӯхтор дар як қароргоҳи афроди бехонумон дар Вашингтон дар фазои омодагии ИМА барои баргузории маросими савгандёдкунии Ҷо Байден дар мақоми президент, ки 20-уми январ баргузор мешавад, ҳолати асабониятро эҷод кард. Сӯхтор рӯзи 18-уми январ дар қароргоҳи воқеъ дар фосилаи яккилометрии Капитол – бинои Конгресс рух дод ва дуди сиёҳи ғализе ба ҳаво печид. Дар натиҷаи ин ҳодиса, нақшаи тамрину омодагӣ ба савгандёдкунӣ бекор карда шуд. Қароргоҳ баста гардид. Ба макони сӯхтор чархболҳои марбут ба хадамоти ёрии изтирорӣ ва сӯхторхомӯшкунӣ сафарбар шуданд. Мақомот гуфтанд, ки сӯхтор ҳеҷ таҳдиде ба мардум ваё ҷараёни савгандёдкунӣ надошт. Дар Вашингтон, ки ҳанӯз 6-уми январ шоҳиди ҳамлаи издиҳоми тарафдорони президент Доналд Трамп ба Капитол шудааст, як танише эҷод шудааст. Хадамоти амниятии ИМА гуфтанд, ки дар остонаи савгандёдкунии Ҷо Байден аз эҳтимоли сар задани ҳамлаҳо нигарон ҳастанд ва бо кӯмаки 25 ҳазор сарбози Горди миллӣ атрофи Капитол ва шаҳри Вашингтонро иҳота намуданд. Азбаски маълум шуд дар миёни ҳамлагарон ба бинои Конгресс бархе низомиёни собиқу амалкунанда буданд, хадамоти амниятӣ аз ҳамлаҳо дохилӣ нигарон ҳастанд. Хадамоти амниятӣ нирӯҳои Горди миллиро бо ҳамин сабаб аз санҷиш мегузаронанд.