Дар пайи ба ҷарӣ афтодани мошине дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, ҷон бохта, як нафари дигар маҷруҳ шудааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса шаби 7-уми январ рух дод. Фавтидагон сокинони ноҳияи Деваштич ва хешу табор будаанд.