Садҳо паноҳҷӯ ва муҳоҷир маҷбур шуданд, як шаби дигарро дар Босния ва Ҳерзеговина дар сардӣ сипарӣ кунанд, чун мақомоти як ноҳия монеи овардани онҳо ба ин ноҳия шуданд.
Қарор буд, 900 муҳоҷирро аз урдугоҳи оташгирифтаи Липа дар марзи Хорватия ба як урдугоҳи муваққатӣ ба шаҳри Конйитс биёранд, вале онҳоро аз автобусҳо поин оварданд. Мақомоти шаҳр ва сокинони маҳалли урдугоҳи мувақаттӣ мухолифи овардани муҳоҷирон ҳастанд ва эътироз кардаанд. Бисёриҳо маҷбур шуданд, дар ҳавои боз ва дар урдугоҳи сухтаи Липа шаби сардро сипарӣ кунанд.
Урдугоҳ рӯзи 23-уми декабр ва рӯзе, ки бояд баста мешуд, оташ гирифт. Липа яке аз урдугоҳи сохташуда аз хаймаҳо буд, ки обу гармӣ надошт. Созмонҳои имдодӣ дар як баёнияи муштарак аз мақомоти Босния хостаанд, ба доди муҳоҷирони дармонда бирасанд ва ба аҳволи бади онҳо расидагӣ кунанд.