Як дипломати баландмақоми Беларус, ки сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъин шуда буд, даргузашт. Анатолиё Глаз, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Беларус гуфт, ки Алеҳ Краучанка, ки муовини вазири корҳои хориҷӣ низ буд, рӯзи 25-уми декабр фавтид.
Сабаби марги ин дипломати 49 сола гуфта намешавад.
Ӯ тоза ба мақоми сафири Беларус дар ИМА таъин шуд, вале ба Амрико нарафта буд.
Ӯ қаблан таҷрибаи кор дар сафорати Беларус дар ИМА-ро дошт.
Таъини ӯ ба ин мақом дар ҳоле буд, ки муносибати ИМА бо Беларус пас аз саркуби эътирозҳо сард гашт.
Ҳазорон сокини Беларус натиҷаҳои интихоботи 9-уми августро қабул надоранд ва наздики панҷ моҳ боз эътироз мекунанд