Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ҳамсари як бонкдори зиндонии озарӣ дар додгоҳи Лондон мағлуб шуд

Ҳамсари собиқ бонкдори калони Озарбойҷон, ки дар давоми каме беш аз даҳ сол дар фурӯшгоҳи гаронфурӯши Harrods дар шаҳри Лондон 16 миллион фунт стерлинг (муодили 21,3 миллион доллар) сарф кардааст, дар даъвои охиринаш ҳам дар додгоҳ мағлуб шуд. Додгоҳи олии Бритониё рӯзи 21 декабр гуфт, ки Замира Ҳоҷиева дар баҳс бо Оҷонсии ҷиноёти миллии Бритониё бар сари манбаи пулҳои калон мағлуб шуд. Агар  Ҳоҷиева манбаи даромадҳои ҳангуфти пулии худро шарҳ дода натавонад, имкон дорад, ки  хонаи боҳашаматашро дар кӯчаи  Найтсбриҷи Лондон ва ҳам як майдони калони голфашро дар Беркшир аз даст бидиҳад. Арзиши куллии ин ду моликият 22 миллион фунт стерлинг (муодили 29,2 миллион доллар) ҳисоб шудааст. Баҳси додгоҳии ӯ феврали соли 2018 шурӯъ шуд. Ҳамсари Замира Ҳоҷиева – Ҷаҳонгир Ҳоҷиев дар гузашта раиси муассисаи давлатии “Бонки байналмиллалии Озарбойҷон” буд ва ҳоло ӯ бар асоси иттиҳомоти марбут ба қаллобиву азхудкунии пулҳо мӯҳлати тӯлонии ҳабсро дар зиндони Озарбойҷон пуштисар мекунад. Додгоҳи олӣ гуфт, ки ҳуқуқшиносони Оҷонсии ҷиноёти миллии Бритониё қонунро вайрон накардаанд. Вакилони Ҳоҷиева дар додгоҳ даъво доранд, ки зерҳимояи онҳо ғайриқонунӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus