Шаби 15 декабр, дар шаҳраки Берёзовои шимоли Русия манзили зисти ду оилаи тоҷик пурра ба коми оташ рафт. Дар яке аз манзилҳои сӯхта модари танҳое бо се духтари ноболиғаш зиндагӣ мекард. Ин зан мегӯяд, ба вақти сӯхтор онҳоро кормандони оташнишонӣ аз тиреза берун бароварданд. Ин зан гуфтааст, ки танҳо ҳуҷҷатҳои фарзандонашро наҷот дода тавонист ва ҳоло ҳеҷ чизе, ҳатто сарулибосу пойафзоле надоранд, ки бипӯшданд. Хонавода дар кӯча ва бесарпаноҳ мондааст.