Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо баъди чанд ҳафта баҳсу мунозираҳо, ниҳоят барои қабули буҷаи ин созмон дар ҳаҷми 1,8 триллион евро (2,1 триллион доллар) ва ҳам бастаи ёриҳо барои кӯмак дар давраи пандемияи мувофиқа ҳосил карданд. Ин тарҳ давоми чандин ҳафта аз ҷонии Венгрияву Полша масдуд шуда буд. Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо гуфт, “акнун мо метавонем иҷрои ин тарҳ ва барқарор кардани иқтисодамонро шурӯъ кунем”.
Варшава ва Будапешт бастаи кӯмакҳо дар ҳаҷми 750 миллард евроро, ки барои барқарории давраи пандемия ҷудо шудааст, ба хотири талаботи ҳатмии риояи қонунҳо аз ҷониби кишварҳои узви ИА масдуд карданд. Шарти дастрасӣ ба ин маблағҳо чунин аст, ки агар кишваре ба нақзи муқаррароти демократӣ даст мезанад, аз дарёфти ин маблағҳо маҳрум мешавад. Полшаву Венгрия барои зери зарба бурдани мустақилияти додгоҳӣ, матбуот ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ИА тафтиш мешаванд.