Комиссияи федеролии савдо, додситонҳои 46 иёлат ва ду ҳавзаи ИМА ширкати "Фейсбук"-ро ба додгоҳ кашида, онро дар фишор ба рақибон ва нақзи қонунҳои зиддиинҳисорӣ айбдор мекунанд.
Дар шикоятнома омадааст, ки ширкати мазкур бо роҳи ба даст овардани "рақибони ояндадор" инҳисори худиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғайриқонунӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Комиссияи федеролӣ аз додгоҳ хостааст, ки "Фейсбук"-ро вазифадор кунад, то паёмакрасони WhatsApp ва шабакаи иҷтимоии Instagram-ро фурӯшад ва дар оянда барои созишҳои ҳамсон дархости иҷозат намояд.
Намояндагони "Фейсбук" дар посух гуфтаанд, ки ҳукумати ИМА тиҷорати комёбро "ҷазо" медиҳад. Онҳо ёдовар шудаанд, ки маҳз Комиссияи федеролии савдои ИМА ба хариди WhatsApp ва Instagram иҷозат дода буд. Ба гуфтаи онҳо, "Фейсбук" барои комёб шудани ин шабакаҳо миллионҳо доллар сармоягузорӣ карда ва омодааст, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад.
"Фейсбук" дар давоми 15 соли ахир дар баробари "WhatsApp" ва "Instagram" тақрибан 70 ширкатро харидорӣ кардааст. Он соли 2012 барои "Instagram" 1 миллиард доллар дода буд. "Instagram" он замон ҳудуди 30 миллион корбар дошт ва фоидаовар набуд. Чанд сол баъд паёмакрасони "WhatsApp"-ро ҳам бар ивази 19 млн доллар харид.