Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон як хабарнигори зан ва ронандаашро куштанд. Малола Майванд, барандаи телевизиони “Инъикос”-ро, ки бо ронандааш бо мошин ба самти кор мерафтааст, ҳамлагарони ношинос субҳи 10-уми декабр бо зарби тири туфанг ба ҳалокат расонданд.