Ҷониби Қирғизистон аз Русия дархост кард, ки шумораи парвозҳои мунтазами ҳавопаймо ва ҳаракати қатораҳои мусофирбар бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ миёни ду кишвар афзоиш дода шавад.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон, ин масъала 7 декабр дар мулоқоти иҷрокунандаи вазифаҳои президент, раиси порлумони ин кишвар Талант Мамитов ва раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Москва баррасӣ шуд.
Мамитов гуфта, ки парвозҳои чартерӣ ва мунтазами кунунӣ миёни ду кишвар талаботи шаҳрвандонро бароварда намесозад. "Зарурате пеш омадааст, ки шумораи парвозҳои мунтазам миёни кишварҳои мо афзоиш дода шавад ё маҳдудияти ҳаракати қатораи мусофирбар бекор гардад", - изҳор доштааст Талант Мамитов.
Дар бораи вокуниши ҷониби Русия ба ин дархости Қирғизистон чизе гуфта намешавад.
Ёдрас мешавем, Қирғизистон ахиран маҳдудияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандиро ба ин кишвар тавассути фурудгоҳҳои "Манас", "Ӯш" ва "Иссиқкӯл" бекор кард.