Вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО дар ҷаласаи рӯзи дуюми худ, ки тавассути конфронси онлайнӣ баргузор мешавад, фикру пешниҳодҳои ислоҳот ва тақвияти паймони низомиро баррасӣ мекунанд. Гузориши 67-саҳифагии тоза таҳияшуда аз 140 пешниҳод барои беҳбуди кори НАТО барои баррасӣ омода шудааст.
Рӯзи 1 декабр, ки аввалин рӯзи ҷаласа буд, мавзӯи паёмадҳои коронавирус ва ҳам масоили мисли “рафтори хашини Русия” ва “болоравии Чин” баррасӣ шуд. Қарор аст дар поёни ҷаласа дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг кори онро дар як нишасти хабарӣ хулоса кунад. Рӯзи сешанбе як мавзӯи муҳими дигари вазирон – Афғонистон ва рисолати НАТО дар ин кишвар буд. Ӯ гуфт, ки моҳи феврал ин паймони низомӣ дар заминаи рисолати баъдии худ дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон тасмимҳое хоҳад гирифт.