Пуштибонҳои моливу муаллифони воксинаи зидди коронавируси русии Sputnik V мегӯянд, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ қимати як дафъа эмкунӣ “аз 20 доллар камтар” нарх хоҳад дошт ва барои шаҳрвандони Русия ройгон тақсим мешавад. Нархи ҷаҳонии воксинаи сохти русии Sputnik V рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд ва қимати он назар ба воксинаҳои хориҷии мисли Pfizer ба маротиб камтар аст. Вале айни замон, воксинаи русӣ аз воксинаи сохтаи ширкати AstraZeneca гаронтар аст. Ин воксина дар Аврупо бо нархи 3 доллар барои як дафъа эмкунӣ пешниҳод мешавад. Фонди сармояҳои мустақими Русия гуфт, ки Маскаву шарикони хориҷиаш метавонанд воксинаро барои беш аз 500 миллион нафар истеҳсол кунанд. Дар Русия вазорати беҳдошт ва маркази миллии Гамалея гуфтанд, ки воксинаи сохти русӣ дар санҷишҳо нишон дод, ки дар рӯзи 28-ум воксина 91,4 дарсад ва дар рӯзи 42-юм 95 дарсад муассир будааст. Русия аввалин кишваре буд, ки воксинаи зидди коронавирусро барои истифодаи ҷамъӣ пешниҳод кард. Дар пасманзари пандемияву афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ умедвориҳо барои дастрас шудани воксинаҳои зидди вирус то соли оянда бештар мешавад.