Мы в Telegram
Добавить новость

В Москве в 1,5 раза вырастет объем специализированной медпомощи

Актриса Кристина Асмус появилась на премии в Москве с ультракороткой стрижкой

Соловьев: вертолет президента Ирана Раиси могли намеренно сбить

Стена дома в Петрозаводске обрушилась на автомобиль



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Вокуниши кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷанги Қарабоғ ва паёмадҳои он барои минтақа

Вокуниши кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷанги Қарабоғ ва  паёмадҳои он барои минтақа

Бино ба арзёбиҳои коршиносон, даргирии низомии Озорбойҷону Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ вазъи наверо бо мушорикати фаъоли Туркия дар митақа ба вуҷуд овард.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин низоъ мавқеи ҳадди аксари хештандоронае нишон доданд.Бо ин вуҷуд, таҳлилгарон мегӯянд, ки даргириҳо дар Қарабоғ барои минтақа паёмадҳои мушаххасе хоҳад дошт.

Ниҳодҳои сиёсати берунии кишварҳои Осиёи Марказӣ , тақрибан дарҳол пас аз тавофуқи 9-уми ноябри президенти Озорбойҷон, нахуствазири Арманистон ва президенти Русия дар мавриди қатъи комили ҷанг ва амалиёти низомӣ дар Куҳистони Қарабоғ, изҳорот доданд ва аз ин созиш истиқбол карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11-уми ноябр бо нашри як изҳорот таъкид кард, ки "мо аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем".

Дар иттилоияи ниҳоди сиёсати берунии Қирғизистон изҳори умед карда шудааст, ки "тавофуқи дар сатҳи оли ҳосилшуда шароитро барои ҳалли дарозмуддату комили мушкилоти Кӯҳистони Қарабоғ мусоид мекунад ".

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар иттилоияи худ мегӯяд, ки тавофуқи ҳосилшуда миёни ҷонибҳо мутобиқ ба Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст ва умедворӣ кардааст, ки "мардумони озару арманӣ барои барқарории сулҳу ризояти ҳамешагӣ ва таъмини амният дар минтақа талош хоҳанд кард, ки як пояи маҳкам бунёд кунанд".

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам, 10-уми ноябр дар суханронии худ дар ҷаласаи онлайнии Созмони Ҳамкории Шонҳой чунин як изҳорот дод.

Сардори давлати Узбекистон ба нақши сулҳомези Русия дар ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ таъкид кард ва изҳори умед намуд, ки хунрезӣ дар ин минтақа ба зудӣ қатъ мешавад ва зиндагӣ ба маҷри маъмулии худ бар мегардад.

Сиёсати бисёрсамтӣ

Дар ҷараёни даргириҳо, ки 27-уми сентябр оғоз шуд ва то 10-уми ноябр давом кард, кишварҳои минтақа тақрибан мавқеи бетарафона доштанд ва аз ҷонибҳои даргир даъват карданд, ки худдорӣ кунанд.

Рӯзи 19-уми сентябр Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри як муроҷиатнома ба ҷонибҳо, омодагии худро барои мусоидат кардан дар заминаи суратҷаласаи Бишкек аз 5 майи соли 1994 изҳор кард. Гуфта мешавад, ки ин суратҷаласа дар солҳои 90, оғози қатъи даргириҳо дар Кӯҳистони Қарабоғ шуд. Вале ин даъват мисли дигар муроҷиатҳои бетарафонаи ниҳодҳои сиёсати берунии кишварҳои минтақа ношунида боқӣ монд.

Коршиноси Русия Аждар Куртов мегӯяд, ки кишварҳои минтақа бар пояи сиёсати бисёрсамтияшон мавқеи мушаххасе дар баробари низои Кӯҳистони Қарабоғ надоранд. Ба гуфтаи ӯ дар даврони гузашта ин кишварҳо ҳамзамон равобити худро ҳам бо Чин, ҳам бо Ғарб ва ҳам бо Русияву Туркия роҳандозӣ карданд.

"Дар ин гуна маворид аз кадом як мавқеъе баромад кардан чандон фоидаовар нест, зеро метавонад мушкилоте ба бор биоварад, ки дар оянда чӣ гуна мешавад равобитро дар доира созмоне ба роҳ монд, ки онҷо Арманистону Озорбойҷон низ шомиланд",-мегӯяд Куртов.

Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СПАД (ОДКБ) – созмони сиёсиву низомиеанд, ки ин ҷо Арманистон низ шомил аст. Қазоқистону Қирғизистону Арманистон узви ИИАО (ЕАЭС) низ ҳастанд. Ба ҷуз ин, ҳамаи кишварҳои минтақа дар баробари Озорбойҷону Арманистон аъзои комилҳуқуқи ИДМ (СНГ) мебошанд.

Ҳамчунин ба ҷуз Тоҷикистон, ҳамаи кишварҳои минтақа, аъзои иттиҳоди кишварҳои олами туркӣ ба мисли ШҲКТ (Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон), Созмони ҷаҳонии фарҳанги туркӣ, Оҷонсии ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ дар Туркия (TIKA) мебошанд, ки ба таври худкор муттаҳиди Озорбойҷону Туркия ҳисоб мешаванд.

Вазъи мавҷуди нав

Мутобиқи тавофуқоти 10-уми ноябр дастёфта дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъи комили ҷанг ва даргириҳо эълон шуд. Неруҳои мусаллаҳи Озорбойҷону Арманистон дар мавқеҳои ҷойгирифтаашон боқӣ мемонанд. Ҳамзамон дар масири хатти тамос дар Қарабоғ ва дар масири даҳлези Лочин эҷоди дидбонгоҳҳои назоратии Русия пешбинӣ мешавад.

Дар баробари Боку, коршиносон Анқараро яке аз тарафҳои дахил дар даргириҳои Қарабоғ медонанд, ки ошкоро аз Озорбойҷон пуштибонӣ карда, ҳаққи иштирок дар амалиёти сулҳомезро, ки намояндагии маркази назорат дар Озорбойҷон фароҳам мекунад, дарёфт кардааст.

"Шакли нави ҳузури Туркия дар Қафқоз бисёр ҷиддӣ ва барои дарозмуддат аст. Ва Русия ҳам бояд инро қабул кунад, зеро дарк хоҳад кард, ки суханони зиддиамрикоии туркҳо ва интиқоди онҳо аз таҳаммулпазирии аврупоиҳо ба маънои дарк ва эҳтироми автоматии манофеи Русия нест",-менависад дар сутуни худ барои Маркази Корнегии Маскав коршиноси рус Сергей Маркедонов. Худдории Маскавро дар даргирии ахири Қарабоғ коршинос марбут ба тавозун миёни ҷустуйи шарикони нави авруосиёӣ барои муқовимат бо Ғарб ва ҳазинаҳои дастёбӣ ба онҳо медонад.

Ҳузур дар Осиёи Марказӣ

Ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ ва ҳузури геополитикии Туркия дар Қафқоз суолеро ба миён меорад, ки оё нақши он дар Осиёи Марказӣ, ҷойе ки ба ӯ таваҷуҳи зиёде доранд, тағйир хоҳад кард?

Коршиноси мустақили тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки натиҷаи даргириҳо нуфузи Туркияро дар минтақа бештар мекунад. "Пеш аз ҳама ин таъсир дар миёни мардум, дар афкори оммавии минтақа ва дар маҷмуъ дар миёни аҳолии мусалмон бештар хоҳад шуд",- мегӯяд сиёсатшинос. Ба гуфтаи ӯ, бояд мунтазири боло рафтани пантуркизм ва нуфузи созмонҳои гуногуни пантуркистие буд, ки Эрдуғон маблағгузорӣ мекунад.

Сиёсатшиноси қирғиз, мудири маркази таҳлилии "Тасмимҳои оқилона" Эсен Усубалиев мегӯяд, ки даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ истифодаи васеъ ва муассири дастгоҳҳои бесарнишини зарбазанро нишон дод ва кишварҳои минтақа метавонанд таҷрибаи истифода аз ин дастгоҳҳоро баррасӣ кунанд.

"Чанде пеш ба Узбекистону Қазоқистон вазири дифои Туркия Аскар Хулусӣ омад. Сари чӣ гуфтугӯҳо сурат гирифт, ошкоро баррасӣ нашуд, вале эҳтимол аст, ки гап сари тақвияти ҳамкориҳои низомӣ аст",-мегӯяд Усубалиев.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи коршинос, ҳанӯз барвақт аст, ки Туркияву Русияро аз рӯйи нуфузашон дар минтақа дар як поя қарор диҳем.

"Ҳанӯз зуд аст бигӯем, ки Туркия метавонад ба сифати як неруи ҳамгиро, чуноне ки аҳли ҷомеаи Русия мегӯянд, дар минтақа пеш биравад. Осиёи Миёна ин танҳо минтақаи туркӣ нест, балки бо дар назар гирифтани Тоҷикистон, форсӣ низ ҳаст. Ва шакл гирифтани кадом як тарҳи ҳамгироӣ бидуни ҳузури Тоҷикистон, гузинаи нокомили ҳамгироӣ хоҳад буд",-хулоса мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

РИА «Новости»: арестовали 2 авто и мотоцикл замглавы Минобороны Иванова

Два корпуса по реновации возведут на востоке Москвы

В Красногорске поздравили пару с 55-летием совместной жизни

ПОСАДИ СВОЁ ДЕРЕВО

Музыкальные новости

Легенда "Спартака" Ловчев: немного перестал уважать Галицкого за отставку Ивича

Россия, Культура, Теат, Дети, ПДД: кукольным языком о дорожной безопасности детям показали в Ульгэре

Азербайджанец в Москве проявил свой животный инстинкт в отношении 9-летней девочки и был задержан

Тревел-тату как искусство: Яндекс Плюс запустил проект «Из путешествия – с татуировкой»

Новости России

В Дубне общественники проверили работу отдела по вопросам миграции

Два корпуса по реновации возведут на востоке Москвы

В ходе поисковой экспедиции сотрудники Росгвардии из ЯНАО обнаружили редкую находку (видео)

Парень на камеру признался, что обманул школьника из Чувашии, работавшего на автомойке ради мечты

Экология в России и мире

Каскадная лестница из мрамора

Более 500 человек посетили «Ночь музеев» в Ставропольской краевой психиатрической больнице №1

Команда ювелирной сети «585*ЗОЛОТОЙ» приняла участие в благотворительном забеге от фонда «Антон тут рядом»

«585*ЗОЛОТОЙ» назвала топ-10 самых популярных драгоценных камней в России

Спорт в России и мире

Касаткина, Андреева и Кудерметова — в тройке лидеров в борьбе за звание лучшей теннисистки

Даниил Медведев идет третьим в чемпионской гонке ATP, Андрей Рублев — пятый

Звонарёва проиграла американке Крюгер в квалификации турнира в Страсбурге

Шнайдер вышла в финал турнира WTA-125 в Париже, обыграв Грачёву

Moscow.media

Новые наушники Nothing Ear и Ear (a) уже доступны

Работники АО "ДиМ" приняли участие во всероссийском полумарафоне

Шапки женские вязаные на Wildberries, 2024 — новый цвет от 392 руб. (модель 466)

В деле об убийстве в Екатеринбурге шестилетнего мальчика появился третий фигурант











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Фельдшерско-акушерский пункт открылся в Егорьевске после ремонта

«На декаду раньше»: синоптики сообщили о приходе по-летнему теплой погоды в Москву 

Два корпуса по реновации возведут на востоке Москвы

В Дубне общественники проверили работу отдела по вопросам миграции