Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз, ки дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шумораи 5-и шаҳри Душанбе доир гардид, 80 варзишгар дар ҳайати 9 дастаи мардона ва 9 дастаи занона аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок карда, барои 16 маҷмуи медалҳо талош варзиданд.
Ба иттилои Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон, дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳои ба даст овардаи мардону занон мунтахаби вилояти Суғд бо касби 15 медал (10 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ҷойи аввлро соҳиб шуд.
Мунтахаби шаҳри Душанбе бо касби 17 медал (5 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойи дувум ва дастаи Хатлон-2 бо касби 15 медал (1 тилло, 7 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Убайдулло Султонов аз шаҳри Душанбе ва миёни занон Зулфинисо Саидолимова аз вилояти Суғд ғолиб омада, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар соли 2020:
Ҳисоби дастаӣ
Мардон
1. Суғд
2. Душанбе-1
3. Хатлон-2
Занон
1. Суғд
2. Хатлон-2
3. Душанбе-1
Ҷуфти мардона
1. Султонов Убайдулло / Зоири Ҷалил
2. Маҳмудов Афзал / Нусратуллозода Э.
3. Муҳаммадҷони Сироҷиддин / Дамири Шодӣ
Ҷуфти занона
1. Саидолимова Зулфинисо / Сумайя Амирӣ
2. Самадова Манижа / Саидбекова Ҳангома
3. Мусозода Ф. / Қулиева М.
Ҷуфти омехта
1. Султонов Убайдулло / Самадова Манижа
2. Дамири Шодӣ / Сумайя Амирӣ
3. Муҳаммадҷони Сироҷиддин / Саидолимова Зулфинисо
Ҳисоби инфиродӣ
Мардон
1. Султонов Убайдулло (Душанбе)
2. Маҳмудов Афзал (Суғд)
3. Зоири Ҷалил (Душанбе)
Занон
1. Саидолимова Зулфинисо (Суғд)
2. Сумайя Амирӣ (Хатлон-2)
3. Самадова Манижа (Душанбе)