Насрин Сутуда, як ҳомии ҳуқуқи инсони эронӣ, ки ҳафтаи гузашта муваққатан аз зиндон озод шуд, ба гуфтаи ҳамсараш, ба коронавирус олуда шудааст. Ризо Хандон дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 11-уми ноябр навишт, ки ҳамсараш дар зиндони Ғарчаки Теҳрон, ки моҳи гузашта ба он ҷо интиқол ёфта буд, ба коронавирус гирифтор шуд. Ӯ гуфт, ки шароит дар ин зиндон як “даҳшат” аст. Сутуда рӯзи 8-уми ноябр аз зиндон муваққатан озод шуд. Ин қарор баъди он содир шуд, ки дар паи ҳафт ҳафта гуруснанишинии Сутуда дар зиндон бо талаби озод карданди зиндониҳои сиёсӣ вазъи саломатии ӯ бад шуд. Фаъоли 57-сола, ки аз ҳуқуқи занони мухолифи сатрпӯшӣ ҳимоят кардааст, соли 2018 барои ҷосусӣ, таблиғот ва таҳқири раҳбари олии Эрон ба 38,5 соли зиндон ва 148 шаллоқ маҳкум шуд. Худи ӯ ин иттиҳомро рад мекунад.