Сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз як ҳафта инҷониб аз соати 8-и субҳ то 5-и бегоҳ барқ надоранд ва аз эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудият (лимит) нигарон ҳастанд. Намояндагони "Барқи тоҷик" сабаби қатъ шудани нерӯи барқро муваққатӣ дониста, онро ба таъмири дастгоҳҳо рабт доданд.