Як филми кӯтоҳи Радиои Озодӣ боис шуд, ки гуруҳи хайрхоҳон дар Тоҷикистон пул ҷамъ оварда, ба Маҳбуба Ғаниева як модари танҳо дар шаҳри Кӯлоб туҳфа карданд. Ғаниева пас аз фавти шавҳар бо ду духтари ноболиғаш иҷоранишин буд ва аз роҳи ҷамъоварии оҳанпора ризқи худу духтаронашро пайдо мекард.