Шерафган Хоҷақулов, корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, нисфирӯзии 26-уми октбяр худкушӣ кардааст.
Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба нишони эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст. Мақомот ҳодисаро тасдиқ карда гуфтанд, ки додситонӣ ба таҳқиқи он шуруъ кардааст.