Ҷасади Мавлуда Рофиева, хабарнигори оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро рӯзи 14-уми октябр зери чораҳои сахти беҳдоштӣ дар оромгоҳи шаҳри Гулистон дафн карданд. Ӯ, ки пештар бо нишонаҳои "илтиҳоби шуш" дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд, рӯзи сешанбе дар 56-солагӣ даргузашт.