Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

USAID гуфт, 300 000 нафарро дар Тоҷикистон бо оби пок таъмин мекунад

Як муассиаи имдодии Амрико эълон кард, ки ба иҷрои барномаи 12 миллион долларӣ барои таъмини мардуми деҳот бо оби пок дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 21-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ҳадафи барномаи Оҷонси Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, ки дар муддати 5 сол иҷро мешавад, таъмини дастрасии камаш, 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба оби пок аст.


Дар баёния омадааст, ки “дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об, ба роҳи як кишвар ба самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва раҳоӣ аз пойбандӣ таъсири фавқуллода мегузорад.”


Тоҷикистон, аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба эътирофи мақомоти масъул, наздики 40 дар сади сокинонаш ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро низ "Соли оби тоза" эълон намуд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ буд.  Соли гузашта Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.


Ӯ ин гузоришашро пас аз панҷ соли сафар ба Тоҷикистон нашр кард. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus