Мы в Telegram
Добавить новость

В Госдуме считают провокацией идею ограничения доступа России к Калининграду

В Подмосковье в преддверии 9 Мая прошло мероприятие «Наследники Победы в строю!»

Мурманчане смогут бесплатно посетить аттракционы 4 мая

Двое военных пострадали в результате пожара в Екатеринбурге



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тоҷикистон ва Афғонистон санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мекунанд

Тоҷикистон ва Афғонистон санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мекунанд

Тоҷикистону Афғонистон миёни ҳам санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мекунанд. Таърихи дақиқи имзои созишномаи стратегӣ миёни Душанбе ва Кобул ҳанӯз эълон нашудааст. Тоҷикистон то кунун бо чанд кишвар, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон санади ҳамкориҳои стратегӣ ба тасвиб расондааст.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон эълон кардааст, ки миёни ин кишвар ва Тоҷикистон санади ҳамкориҳои стратегӣ имзо мешавад. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Афғонистон рӯзи 17-уми сентябр хабар дод, ки ҷониби ин кишвар дар мулоқоти Душанбе иброз доштааст, ки ду кишвар метавонанд дар сатҳи миллӣ ва вилоятӣ бо ҳам кор кунанд ва барномаи муштараки амниятиро дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои стратегӣ матраҳ ва амалӣ созанд.

Манбаъ аз қавли Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, Душанбе аз тарҳи таҳия ва имзои санади ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар истиқбол мекунад.

Ҳарчанд ҷониби Душанбе ин мавзуъро шарҳ надодааст, аммо дар баёнияи матбуотӣ аз натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар вебсайти расмии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр шуд, омадааст, "Тоҷикистон моил аст, ки заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории дуҷониба бо Афғонистонро таҳким ва вусъат бахшад. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо пешнависи чандин санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд".

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам рӯзи гузашта аз мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар хабар доданд. Сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон Ҳаниф Атмар, ки бо сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, бо президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам мулоқоту гуфтугӯ кардааст.

Ҷониби Афғонистон ҳамзамон аз мавзеъгирии усулии Тоҷикистон дар ҳимоят аз мавқеи ҳукумати Афғонистон дар хусуси сулҳ ва музокирот бо Толибон ситоиш кардааст. Музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷанг дар он кишвар ҳамакнун дар Давҳа -пойтахти Қатар оғоз шудааст.

Тоҷикистон шояд ягон кишвари ҳамсояи Афғонистон бошад, ки давоми солҳои мавҷудияти Толибон бо ин гурӯҳ тамосе надоштааст ва мардум ва давлатмардони Афғонистон ҳамвора аз ин мавзеъгирҳои Душанбеи расмӣ ситоиш кардаанд. Дар солҳои муқовимат зидди Толибон, Тоҷикистон аз ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ҳимоят мекард.

Дар мулоқоти ҳайатҳои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон масъалаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ низ матраҳ шудааст ва Афғонистон гуфтааст, ки хоҳони харидории барқи бештар аз Тоҷикистон мебошад ва ба ин манзур раиси ширкати "Брешно" дар ҳайати ҳамроҳи Ҳаниф Атмар ҳузур дорад, то бо ҳамтоёни тоҷики худ сӯҳбат кунад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва омодаи ҳамкориҳо бо Кобул дар ин замина мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июл эълон кард, ки дар пайи шадидан кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак, маҷбур шудааст содироти барқро ба хориҷа аз ҷумла ба Афғонистон коҳиш диҳад. Дар пайи ин тасмими ҳукумат, ширкати "Брешно" гуфта буд, Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон то 90 дарсад кам кардааст.

Аммо ширкати "Брешно"-и Афғонистон ҳафтаи гузашта гуфт, Тоҷикистон эълони омодагӣ кардааст, ки содироти барқи худро ба Афғонистон дубора оғоз мекунад. Мақомоти тоҷик низ гуфтанд, каму зиёд шудани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон аз боду ҳаво бастагӣ дорад. 

Интиқоли кӯмакҳои башарӣ аз тариқи Бадахшони Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон, истирдоди маҳбусон, таъсиси комиссияи ҳамкориҳои амнияти миёни ду кишвар аз дигар мавзуъҳои асосии мавриди баҳс миёни Сироҷиддин Мӯҳриддин ва Ҳаниф Атмар будааст.

Дар мулоқоти Душанбе мавзуи долонҳои нави нақлиётӣ баррасӣ қарор гирифтааст ва Тоҷикистон аз эҷоди долони транзитии KTAI (Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон) пуштибонӣ кардааст. Ҳамчунин мувофиқат шудааст, ки дар чаҳорчӯби барномаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, тарҳи роҳи оҳани Ҷалолиддин Румӣ-Панҷи Поён ва пули роҳи оҳан бар фарози дарёи Панҷ то шаҳри Кундуз бунёд шавад. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, бунёди ин тарҳ ба наздикӣ оғоз мешавад

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар кишвари ҳамсоя беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Итоги конкурса рисунков среди пенсионеров подвели в Химках

Захарова назвала «демократией по Санду» проверки россиян в аэропорту Кишинева

Российский стилист признал поношенную рабочую одежду писком моды

Лучшие Анекдоты из Питера за 26.04.2024

Музыкальные новости

В поселке Калининец состоялся этап Чемпионата и Первенства Москвы и МО по кроссу «Кубок Kramar Motorsport»

В Красноярском крае сотрудники и военнослужащие Росгвардии почтили память ликвидаторов аварии на Чернобыльской АЭС

Россия и Дети: театр кукол Ульгэр в Бурятии покажет концерт-представление "Вальс Победы"

Тарифы ЖКХ вырастут в России

Новости России

Нанесение разметки на дороге СПб

Российский стилист признал поношенную рабочую одежду писком моды

«Срочно отменить 9 Мая»

Лучшие Анекдоты из Питера за 26.04.2024

Экология в России и мире

Россия и Дети: театр кукол Ульгэр в Бурятии покажет концерт-представление "Вальс Победы"

Форум Доноров представил результаты первой лаборатории проекта «Музеи и меценаты»

Доля свободных площадей в ТЦ Москвы к лету может сократиться до 6 процентов

Сериал «Нулевой пациент». Почему повторение истории в наши дни невозможно?

Спорт в России и мире

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Мадриде

Увидит ли Париж Мирру из России? Андреева дает жару в Мадриде и включается в олимпийскую гонку

ATP представила новые правила парного тенниса

Рублев: мне удалось направить эмоции в нужное русло

Moscow.media

Столичные росгвардейцы оказали помощь подросткам, врезавшимся на самокате в уличный фонарь

Стильный дизайн и гибридное шумоподавление: беспроводная гарнитура-вкладыши W260NC от Edifier

Производственные площадки АО «Желдорреммаш» в апреле посетило более 4700 школьников и студентов

Дайджест новостей «Грузовичкоф» за апрель 











Топ новостей на этот час

Rss.plus






Пашинян и его свора празднуют победу над народом

Аэрофильтр для южных "спецов"

Поправки в закон об иммиграции: Латвии понравилось курить на пороховой бочке

Экс-тренер «ПСЖ» Гальтье заявил, что стал жертвой мести