Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки рӯзи 10-уми сентябр нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз машқҳои серӯзаи баҳриро шурӯъ карданд. Дар машқҳои нақшавии солона воҳидҳои баҳриву ҳавоӣ ва заминӣ, аз ҷумла киштиҳои зериобиву ҳавопаймоҳои бесарнишин иштирок мекунанд.
Адмирал Ҳабибулло Сайёрӣ, фармондеҳи маневрҳои солона бо номи рамзии “Зулфиқор-99” рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки бозиҳои ҷангӣ бар зидди таҳдидҳои хориҷӣ ва хатари убури марз нигаронида шудаанд. Нирӯҳои баҳрии эронӣ тамоми амалиёти худро дар қисмати шарқии гулӯгоҳи Ҳурмуз барпо мекунад, ки дар он 20 дарсади муомилоти нафтӣ сурат мегирад.