Президенти ИМА Доналд Трамп тасдиқ кард, ки ба хотири роҳ надодан ба тарсу воҳима дар оғоз хатари коронавирусро камтар нишон медод. Ин изҳороти ӯ рӯзи 9-уми сентябр дар посух ба интиқоди Ҷо Байден, рақиби интихоботии ӯ аз ҳизби демократ буд, ки гуфт, Трамп бо кам кардани хатари коронавирус ба амрикоиҳо хиёнат кардааст. Трмп дар нишасти матбуотии рӯзи чоршанбе дар Вашингтон гуфт:
“Ман барои ин кишвар ғам мехӯрам. Ман ин кишварро дӯст медорам ва намехоҳам, ки мардумаш битарсад. Намехоҳам, ки воҳима эҷод шавад. Мо мехоҳем эътимод ва қавӣ будани худро нишон диҳем”
Собиқ муовини президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи чоршанбе гуфт, изҳори назарҳои хусусии президенти ИМА Доналд Трамп дар зимистони гузашта дар бораи хатарҳои коронавируси нав, ки гуфтааст, ин вирус бадтар аз як зуком нест, “хиёнат” ба мардуми Амрико аст. Зимни суханронӣ дар Мичиган ӯ гуфт, ки Трамп ҷиддияти вирусро медонист, вале “огоҳона хатари онро кам нишон медод”. Дар як сабте рӯзи 19-уми март Трамп гуфтааст, ки “ҳамеша мехост хатари вирусро камтар нишон диҳад”. Дар як мусоҳибааш рӯзи 7-уми феврал Трамп эътироф кардааст, ки дар бораи марговару хатарнок будани коронавирус ба хубӣ огоҳ буд. Ин сабтҳоро як журналисти собиқадор Боб Вудворд карда гуфтааст, ки сӯҳбатҳои Трампро барои истифода дар як китоби таҳқиқотиаш бо иҷозат дастрас кардааст. Нашрияи Washington Post бахше аз ин сабту мусоҳибаҳоро нашр кард. Bob Woodward