Дар даври сездаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5-6-уми сентябр баргузор шуд, мизбонон дар се бозӣ ва меҳмонон дар ду дидор ғолиб шуданд, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.
Пешсафи мусобиқа - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - дар даври сездаҳум дар меҳмонӣ аз “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин дувумин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола мебошад. Бо вуҷуди бохт “Равшан”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз гирифтааст, мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт.
“Эсхата”-и Хуҷанд бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар меҳмонӣ бар “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
“Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки 20 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст. “Панҷшер” бозии даври сездаҳумро бо дастаи мизбон - “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Натоиҷи се бозии дигари даври сездаҳум чунин аст: «Шоҳмансур» (Душанбе) – «Равшан» (Зафаробод) – 1:4, «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Исфара» (Исфара) – 5:1, «Моҳир» (Ёвон) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0.
Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 10-11-уми сентябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 13-ум
«Шоҳмансур» – «Равшан» (Зафаробод) – 1:4
Голҳо: Азимҷон Мавлонов, 13 (0:1). Бахтиёр Зарипов, 16 (0:2). Бахтиёр Зарипов, 42 (0:3). Умедҷон Давлатбеков, 64 (0:4). Фирӯз Абдулқосимов, 74 (1:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Бахтиёр Зарипов («Равшан»).
«Ваҳдат» – «Исфара» – 5:1
Голҳо: Суҳроб Асоев, 3 (1:0). Муҳсин Қосимов, 16 (2:0). Фирӯз Раҳматов, 22 (3:0). Нодирбек Мамиров, 36 (3:1). Фирдавсӣ Файззода, 47 (4:1). Далер Ризоев, 85 (5:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Суҳроб Асоев («Ваҳдат»).
«Ҳулбук» – «Панҷшер» – 1:1
Голҳо: Абдухалил Боронов, 17 (0:1). Аваз Камчинов, 36 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).
«Саройкамар» – «Эсхата» – 1:3
Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 30 (0:1). Акмалҷон Авазов, 40 (1:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 66 (1:2). Ҷӯрабой Исоев, 72 (1:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Ҷӯрабой Исоев («Эсхата»).
«Моҳир» – «Ҳосилот» – 1:0
Гол: Алишер Куганов, 72.
Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Куганов («Моҳир»).
«Барқчӣ» – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 2 (0:1). Умедҷон Рамазонов, 61 (1:1). Ҳамзаҷон Аҳтамов, 86 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Умедҷон Рамазонов («Барқчӣ»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Равшан» (Кӯлоб)
13
11
0
2
52-26
33
2
«Эсхата» (Хуҷанд)
13
9
1
3
35-23
28
3
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
13
5
5
3
25-15
20
4
«Исфара» (Исфара)
13
6
1
6
21-25
19
5
«Ваҳдат» (Ваҳдат)
13
5
4
4
37-26
19
6
«Равшан» (Зафаробод)
13
5
4
4
26-18
19
7
«Ҳулбук» (Восеъ)
13
5
3
5
24-23
18
8
«Моҳир» (Ёвон)
13
5
2
6
30-40
17
9
«Ҳосилот» (Фархор)
13
5
2
6
24-23
17
10
«Саройкамар» (Панҷ)
13
4
3
6
25-30
15
11
«Барқчӣ» (Ҳисор)
13
4
1
8
23-27
13
12
«Шоҳмансур» (Душанбе)
13
0
2
11
9-55
2
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 18 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 12 тӯб, Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 9 тӯб, Сафаралӣ Каримов («Равшан») – 8 тӯб.
Даври 14-ум
10-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Равшан» (Зафаробод) – «Равшан» (Кӯлоб)
«Эсхата» – «Моҳир»
«Исфара» – «Ҳулбук»
11-уми сентябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 16:30
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»
«Панҷшер» – «Саройкамар»
«Шоҳмансур» – «Ваҳдат»