Зоишгоҳ ё таваллудхонаи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд пас аз ошкори шудани ҳолатҳои гирифтории 2 зани ҳомила ба бемории COVID-19, ба карантин шуда, дарҳояшро бастааст.
Як корманди маъмурияти ин таваллудхона гуфт, ки зоишгоҳ аз рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми сентябр ба карантин гирифта шуд. Ӯ афзуд, "сабаб ин, ки дар ду зани ҳомила вируси СOVID -19 ошкор намудем, онҳоро ба беморхонаи вилоятӣ равон кардем."
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, бемори коронавирус будани ҳар ду зани ҳомила зимни ташхис расман маълум шудааст. Беморону табибонеро, ки бо ин занҳо тамос доштанд, барои 14 рӯз ба карантин гирифта шудаанд.
Масъулони идораи беҳдоштӣ ба поккории сартосари таваллудхона оғоз карда ва гуфтаанд, эҳтимол карантини таваллудхонаи вилоятӣ низ ду ҳафта давом кунад.
Моҳи июл низ таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷандро, баъд аз марги сардухтураш Шоира Бузрукова 2 ҳафта ба карантин гирифта буданд. Шоира Бузрукова рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ фавтид, ки он ҷо гирифторони СOVID-19-ро табобат мешуданд. Вале мақомот то ҳол сабаби марги хонум Бузруковаро шарҳ надодаанд.
Он он рӯзҳо таваллудхона бемор қабул намекард, вале даромадан иҷозат буд. Карантин беш аз ду ҳафта давом кард ва таваллухонаро поккорӣ ё дезинфексия карданд. Ҳамчунин бо дастури Маркази беҳдоштиву сироятшиносӣ, табибон ва дигар кормандони ин зоишгоҳ бояд тести COVID-19 месупурданд. Ин бемористон баъди анҷоми карантин дарҳои худро боз ва ба кор сар карда буд.
Ин дафъа низ масъулони идораи беҳдоштӣ ба дезинфексияи таваллудхона оғоз карда гуфтаанд, эҳтимол карантин ду ҳафта давом кунад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳафтаҳои ахир хабарҳои зидду нақизе дар бораи афзоиши пандемияи коронавирус дар Хуҷанд расонаӣ шуд. Изҳоротҳои пайиҳами идораи беҳдошт ё СЭС-и шаҳри Хуҷанд, ҷаримаи сокинон барои напӯшидани ниқоб ва расонаӣ шудани хабари марги чанд нафар бо нишонаҳои монанд ба COVID-19 нигарониҳоро бештар кард.
Аз ҷумла идораи беҳдошти шаҳри Хуҷанд ҳафтаи гузашта бо нашри изҳороте гуфт, рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.