Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Усмон Тошев дар Душанбе, инчунин дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба бозии дӯстона бо мунтахаби Узбекистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.