Сардухтури беморхонаи шаҳри Омски минтақаи Сибири Русия гуфт, ки кормандони тиббӣ дар қазияи муроқибат аз раҳбари мухолифон Алексей Навалний таҳти фишор қарор надоштанд. Навалний аз рӯзи 22 август ба ин сӯ дар як беморхонаи Берлин бо гумони заҳролудшавӣ муолиҷа мешавад ва дар оғоз масъулини беморхонаи Омск гуфтанд, ки интиқоли ӯро тавассути роҳҳои ҳавоӣ ба Олмон ба хотири хатарнок будани роҳ ба саломатии бемор рад мекунанд. Оилаву тарафдорони Навалний баъди талошҳои якрӯза ниҳоят тавонистанд, ки аз мақомоти Русия иҷозаи интиқоли ӯро ба Олмон дастрас кунанд. Александр Мураховский, раиси беморхонаи ёрии таъҷилии рақами 1-и шаҳри Омск гуфт, ки ҳеҷ гуна фишор вуҷуд надошт ва кормандони тиббӣ Навалнийро аз фурудгоҳ ба беморхона интиқол доданд. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки табибон дар Омск интиқоли ӯро ба Олмон монеъ шуданд, вале Анатолий Калиниченко, муовини сардухтури беморхона рӯзи 24 август гуфт, баръакс, табибони онҳо ҷони Навалнийро наҷот доданд. Навалнии 44-сола ба Олмон дар як ҳавопаймои изтирории тиббӣ интиқол ёфт. Яка Бизил, муассиси Cinema for Peace Foundation, ки ҳавопайморо пешкаш намуд, дар мусоҳиба бо нашрияи Bild изҳори умедворӣ кард, ки Навалний базудӣ шифо меёбад.