Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Баҳо гузорем ё нагузорем. Баҳси Донишгоҳи тиббӣ бо баъзе табибони оянда

Чандин нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шикоят доранд, ки бар хилофи дастури Вазорати маориф, маъмурияти донишгоҳ баҳои имтиҳони онҳоро намегузоранд. Роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ даъвои донишҷӯёнро рад карда гуфт, як қисми ками донишҷӯён бо сабаби паст будани донишашон холҳои лозимро дар рафти таҳсил ба даст наоварданд.


Ҳафтаи равон даҳҳо нафар, ки худро донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гуфтанд, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки маъмурияти донишгоҳ онҳоро аз як соли таҳсил ба соли дигари таҳсил намегузаронан. Ин гурӯҳи донишҷӯён намехоҳанд номашон зикр шавад, чун метарсанд, ки барояшон мушкил эҷод мешавад.


Донишҷӯён даъво доранд, ки охири моҳи апрел онҳоро ба таътил фиристоданд ва бар асоси дастури Вазорати маориф бояд дар асоси холҳои гирифтаашон давоми се моҳи ахир, баҳои солонаашонро мегузоштанд. Аммо ба гуфтаи донишҷӯён, бо шуруи соли нави таҳсил ба онҳо хабар доданд, ки аз чандин фан баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд ва бояд аз сари нав имтиҳон супоранд.


"Дар баробари ин аз мо талаб доранд, ки маблағи кредитии ин имтиҳонҳоро супорем ва дар муддати ду рӯз бояд ҳамаашро ҷамъбаст намоем, дар асл ин ғайриимкон аст" - навиштаанд донишҷӯён.


Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон даъвои донишҷӯёнро рад мекунанд. Нигина Хоҷаева, декани факултети тиббӣ, калонтарин факултаи Донишгоҳи тиббӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо як қисми ками  донишҷӯён ҳастанд, ки баҳои заруриро нагирифтаанд. Хонум Хоҷаева афзуд, бар асоси дастури вазорати маориф, онҳо баҳои гирифтаи донишҷӯён дар моҳҳои феврал, март ва апрелро ҷамъбаст карда, аз рӯи он баҳои солона гузоштанд. 


"Аммо як қисми донишҷӯён ба дарс бо тайёрӣ наомаданд, баҳои  рейтингҳояшон паст буданд, вақте натиҷа дар система ҷамъбаст шуд, баҳо ду баромад. Дигар қисми донишҷӯён ҳамааш баҳои худро гирифтаанд. Инҳо 5-6 фоизи донишҷӯён ҳастанд, ки баҳои зарурӣ нагирифтаанд",-мегӯяд Хоҷаева. Декани факултаи тиббии Донишгоҳи тиббӣ ҳамчунин гуфт, донишҷӯёне, ки баҳои заруриро нагирифтаанд дарси иловагӣ мегиранд ва аз сари нав имтиҳон месупоранд. 


Як шикояти аслии баъзе донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ин аст, ки масъулин барои гузоштани баҳо аз онҳо маблағ мепурсанд. Аммо Нигина Хоҷаева гуфт, "маблағ барои кредит" барои ҳар фан 140 сомонӣ муқаррар шудааст, ки барои таҳсили иловагӣ муайян шудааст. Системаи кредитии таҳсил муқаррар мекунад, ки донишҷӯ дар ҳоли нагирифтани баҳои зарурӣ аз даври аввали имтиҳон, ба буҷаи донишгоҳ маблағ месупорад ва баъдан дуюмбора имтиҳон месупорад.


Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳонҳои тобистонаи ин гуруҳи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шуд. 


Баъд аз сеюним моҳ рӯзи 17-уми август дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил шуруъ шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ аз камтарин муҳассилине ҳастанд, ки даъво доранд дастури вазорати маориф дар нисбати онҳо иҷро нашудааст.


Яке аз ин донишҷӯён ба Радиои Озодӣ навиштааст, "дар асл мо бояд ин кредитҳоро насупорем, барои онки ин фанҳоро мо хонда, бали лозимиро барои ҷамъбаст намудани имтиҳонҳо ба даст овардем". 


Аммо Нигина Хоҷаева, декани факултети тиббии Донишгоҳи тиббӣ дар посух ба ин гуфтаи донишҷӯён гуфт, "баҳои солонааш паст буд, ду гирифтӣ, биё ман се монам гуфта наметавонем. Аввал мехонад ва баҳояшро ислоҳ мекунад. Пагоҳ ҳаёти одамон дар дасти онҳо супорида мешавад". 


Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз қазия огоҳ ҳастанд. Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф аз қавли масъулини Донишгоҳи тиббӣ гуфт, танҳо барои донишҷӯёне имтиҳони такрорӣ ташкил шудааст, ки дар давоми се моҳи таҳсил холҳои заруриро ба даст наовардаанд.


Бо ин вазъ маълум нест, ки шикояти донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ба куҷо мерасад. Донишҷӯён мегӯянд, агар ба онҳо кӯмак нашавад, ҳам пардохти "маблағи кредит" ва ҳам супурдани имтиҳон дар муҳлати кутоҳ барояшон мушкил мегардад. 




 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus