Дастаи “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса, ки 18-уми август дар бозии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими футболи 2019/2020 бар “Лейпсиг”-и Олмон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд, бори аввал ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.
Лигаи қаҳрамонҳо. 1/2 финал.
"РБ Лейпсиг" - "ПСЖ" - 0:3 (0:2)
Голҳо: Маркинос, 13 (0 : 1); Ди Мария, 42 (0 : 2); Бернат, 56 (0 : 3)
"РБ Лейпсиг": Гулачи; Анхелино; Упамекано; Мукел; Клостерман (Орбан В., 83); Олмо (Форсберг, 46); Нкунку (Шик, 46); Лаймер (Халстенберг, 62); Кампл (Адамс Т., 64); Забитсер; Поулсен Ю.
"ПСЖ": Рико С.; Керер; Кимпембе; Маркинос; Силва Т.; Эррера (Дракслер, 83); Бернат; Паредес Л. (Верратти, 83); Ди Мария (Сарабия, 87); Мбаппе (Чупо-Мотинг, 86); Неймар
Огоҳӣ: Лаймер, 61; Поулсен Ю., 79; Халстенберг, 79 - Кимпембе, 45
Рақиби “ПСЖ” дар финали Лигаи қаҳрамонҳо дар бозии ниманиҳоӣ миёни дастаҳои “Лион”-и Фаронса ва “Бавария”-и Олмон, ки шаби чоршанбеи 19-уми август дар Лиссабони Португалия доир мегардад, маълум хоҳад шуд. Бозии ниҳоӣ 23-юми август баргузор мешавад.
ФИНАЛИ ЛИГАИ АВРУПО: «Севиля» - «Интер»
“Интер”-и Италия, ки 17-уми август дар бозии ниманиҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими 2019/2020 “Шахтёр”-и Украинаро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, ба финал роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, “Севиля”-и Испания, ки дар нимфинал 16-уми август бар “Манчестер Юнайтед”-и Англия бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, ба финал баромад. Бозии ниҳоии Лигаи Аврупо миёни «Севиля» ва «Интер» 21-уми август доир мегардад.
1/2 финал
16-уми август (якшанбе)
«Севиля» (Испания) – «Манчестер Юнайтед» (Англия) – 2:1
17-уми август (душанбе)
«Интер» (Италия) – «Шахтёр» (Украина) – 5:0
Голҳо: Мартинес Л. 19', Д`Амброзио 64', Мартинес Л. 74', Лукаку Р. 78', Лукаку Р. 84'
«Интер»: 1. Ханданович С., 2. Годин, 6. де Врей, 33. Д`Амброзио (24. Эриксен, 81') , 95. Бастони, 5. Галярдини, 15. Янг Э. (34. Бираги К., 66') , 77. Брозович (12. Сенси, 85') , 23. Барелла, 9. Лукаку Р. (30. Эспозито С., 85'), 10. Мартинес Л. (11. Мозес, 81').
«Шахтёр»: 30. Пятов, 98. Додо, 4. Кривсов, 5. Хочолава, 22. Матвиенко Н., 6. Степаненко, 8. Маркос Антонио, 21. Алан Патрик (19. Соломон, 59') , 11. Марлос (15. Коноплянка, 75') , 7. Тайсон, 10. Жуниор Мораес.
Огоҳӣ: Тайсон, 58'
Финал
21-уми август (ҷумъа)
«Севиля» (Испания) – «Интер» (Италия)
Бояд гуфт, ки ба далели пандемияи коронавирус Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар аввали моҳи март мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупоро боздошт. Инчунин қаҳрамонии футболи Аврупо ба соли оянда мавқуф гузошта шуд.