Рост кардани бинии шикаста, бартараф кардани ожангҳои рӯй, ҷудо кардани пӯстҳои часпида ва ҷарроҳии олоти мардона, аз аввалин амалиётҳои пластикӣ дар Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара будааст, ки тайи чаҳор соли ахир анҷом шудаанд.
Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Хатлон мегӯянд, чаҳор нафар устодони донишгоҳ бо роҳбарии ректор микроҷарроҳиҳоро анҷом медиҳанд. Дар чаҳор соли фаъолияти донишгоҳ, онҳо 1123 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд.
Шодмон Аҳмадов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи тиббии Хатлон гуфт, дар шаш моҳи гузашта 136 ҷарроҳӣ аз ҷониби профессорони ин донишгоҳ анҷом дода шуд. Раҳбарияти донишгоҳ мегӯяд, ҷарроҳиҳои пластикӣ дар Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ба таври ройгон гузаронида мешавад.
Ба гуфтаи Қаҳрамон Камолов, сартабиби Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, тибқи қарори 600, бемор танҳо пули бемористонро пардохт мекунад, аммо амалиётҳои ҷарроҳӣ ройгон анҷом дода мешавад. Бештар дар инҷо бинии шикаста, каҷ шуда, ожангҳои рӯй ва амсоли онро ҷарроҳӣ мекунанд.
Ройгон ба роҳ мондани амалиёти пластикӣ дар минтақаи Кӯлоб дар ҳолест, ки арзиши ин навъи ҷароҳӣ дар хориҷи кишвар бештар аз 1000 доллар аст. Дар гузашта бештари сокинон ин амалиётҳоро дар берун аз кишвар анҷом медоданд. Вобаста ба афзоиши таваҷҷӯҳи сокинон, Донишгоҳи тиббии Хатлон ҳамакнун 20 донишҷӯйро дар ин самт омода мекунад.
Масъалаи ҷарроҳии пластикӣ дар баъзе кишварҳои минтақа боиси баҳсҳои мазҳабӣ шудааст. Идораи мусалмонҳои Қирғизистон фатво содир намудааст, ки ба мусалмонҳо иҷозат нест, ки тавассути ҷарроҳӣ тарҳи чеҳраашонро дигар созанд. Ҳамин ниҳод таъкид кардааст, ки "шариат танҳо ҷарроҳиҳоеро иҷозат медиҳад, ки ба хотири ислоҳи нуқсҳои модарзодӣ бошанд".