Як маъмури Хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми август, як мардеро дар назди Кохи Сафед бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико ин мард бо аслиҳа ба афсар наздик шуда, силоҳашро берун кашидааст.
Хадамоти амниятии Амрико гуфт, ки марди 51-соларо аз баданаш маҷруҳ кардаанд ва у дар шифохона муолиҷа мегирад. Доир ба вазъи сиҳатии ин мард чизе нагуфтаанд.
Ҳодиса сабаб шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро аз нишасти хабарӣ дар бораи коронавирус барои муддати кӯтоҳе берун баранд, вале ӯ баъдан баргашт ва суҳбатро идома дод.
Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ марде, ки маҷруҳ шуд, ҳангоми навбатдории афсар дар кунҷи як кӯча, ба ӯ наздик шуда ва гуфтааст, мусаллаҳ аст ва онгуна ҳаракат кардааст, ки гӯё аслиҳаро гирифта, афсарро тир мезанад. Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ, ба ҷони ҳеҷ касе дар Кохи Сафед хатар таҳдид накардааст.