Мы в Telegram
Добавить новость

Более 1 тыс опор ЛЭП заменят на севере Подмосковья в 2024 г

АКРА подтвердило наивысший кредитный рейтинг Москвы

Хирург Хорошев: резкая боль в правой части живота указывает на аппендицит

Российско-китайские деловые встречи прошли в Доме Нижегородской области в столице



World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Барномаи рушди забон таҳия шуд. Мушкил ҳал мешавад?

Барномаи рушди забон таҳия шуд. Мушкил ҳал мешавад?

Дар ҳоле ки Тоҷикистон ният дорад барои 10 соли оянда барномаи нави рушди забони давлатиро таҳия ва қабул кунад, огоҳони умур аз вазъи омӯзишу корбурди забони тоҷикӣ изҳори нигаронӣ доранд.  Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран аз таҳияи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 хабар дод, ки феълан дар баррасии ҳукумат қарор дорад. 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси ин ниҳод ҳафтаи гузашта зимни  нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳоло зарурат пайдо шудааст, ки барои рушду омӯзиши забон барномаи дигаре қабул гардад. Ӯ дар шарҳи ин гуфтаҳои худ гуфт, ки "бо назардошти рушди технология, дар доираи барномаи нав таҳияи шакли электронии луғатномаву фарҳангномаҳо ва дигар дастурамалҳои таълимиву омӯзишии забони тоҷикро пешниҳод мекунанд". 

Оқои Муҳаммадҷонзода мегӯяд, таваҷҷӯҳ ба омӯзиши забони давлатӣ барои хонаводаҳои тоҷикони бурунмарзӣ ва тарғиби забон дар хориҷ аз кишвар, аз ҳадафҳои асосии барнома ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи вай, пешбинӣ шудааст, ки дар доираи татбиқи барнома осори хаттӣ ва суханронии адибону нависандагонро, ки дар бойгониҳо ҳифз шудаанд, дар шакли электронӣ роҳандозӣ намуда, аз тариқи интернет дастраси сокинон кунанд.

Ҳарчанд масъулони Кумитаи забон таҳияи барномаи нави рушди забонро муҳим арзёбӣ мекунанд, бархе забоншиносон қабл аз таҳияи чунин санадҳо, ҳалли дигар мушкилиҳои забони тоҷикиро муҳимтар меҳисобанд. 

Қутбиддин Мухторӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз муносибати ҷавонон бо забони давлатӣ хеле дилсардона аст. Ӯ рӯзи 4-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, як нигоҳе ба кӯча ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ вазъи воқеии забону истифодаи онро аз сӯи соҳибзабонон бозгӯӣ мекунад.

"Масалан, вақте ҳамчун омӯзгор ба дарс медароем, мебинем, ки донишҷӯён воқен кӯшиш мекунанд бо забони адабӣ ҳарф зананд, агар рӯзи забони давлатӣ бошад, дар васфи забон фаъолона баромадҳо мекунанд. Ин гӯё як самти муносибатест, ки мо мебинем, лекин амиқтар фикр кунем, эҳсос мекунем, ки ин як муносибати расмӣ ё супоришӣ бошад, вақте ба кӯча мебароед, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавед тинати воқеии ҷавонон ва умуман соҳибзабононро мебинед. Ба баъзе масъалаҳо ҳамроҳ шуда, шарҳ менависанд ва дар ҳамон ҷо симои ҳақиқӣ ва муносибати ҳақиқии худро ба забон ошкор мекунанд. Нишон медиҳанд, ки барои онҳо забон ҳеҷ аҳамият надорад. Имрӯз ҳамин ду самти муносибатро ба забон мебинем ва худамон хулоса мекунем, ки кадомаш ростин ва кадомаш дуруғин аст”. 

Дар ҳоле, ки раиси Кумитаи забон мегӯяд, барномаи нав тарғиби густурдаи забони давлатӣ ва ҳалли мушкилиҳоеро дар ин самт пешбинӣ намудааст, аммо ба назари пажӯҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ, чунин барномаҳо бештар барои вонамудсозии кор ҳаст, на бартарафсозии мушкилот. Оқои Ҷайҳонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "яке аз мушкилоти аслӣ, русизадагии забони коргузории ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ аст".  

Таҳия барномаи нави рушди забони давлатӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон қаблан ду барномаи дигари рушди забонро таҳияву қабул намудааст. Барномаи нахуст барои солҳои 1997-2000 ва дуввумӣ барои солҳои 2012-2016 амал мекарданд. 

Масъулони Кумитаи забон мегӯяд, ду барномаи қаблӣ масъалаҳои гуногун, аз қабили коргузории корхонаҳо бо забони давлатӣ, рушди дигар забонҳои ақалиятҳои миллӣ ва таълими забони давлатиро дар макотиби миёнаву олии кишвар дар бар мегирифт, аммо барномаи севвум аз онҳо мутафовит аст. 

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, дар гузашта ду барномаи рушди забони давлатӣ дуруст амалӣ нашуд ва шубҳа доранд, ки барномаи навбатӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро ҳал намояд. 

Забоншинс Қутбиддин Мухторӣ мегӯяд, ҳоло вақти насиҳат нест, балки забон бояд аз нигоҳи қонун ҳифз ва ба танзим дароварда шавад. Ба қавли ӯ, агар ҷавонон эҳсос кунанд, ки бе донистани забони адабӣ онҳоро дар ҳеҷ куҷо ба кор намегиранд, маҷбур мешаванд забонро аз худ кунанд: "Дар онҳо як ҳавасмандии ботинӣ пайдо мешавад, дар ҳамон вақт забони давлатӣ метавонад рушд кунад",-мегӯяд оқои Мухторӣ. 

Ҳамсӯҳбатамон афзуд, яке аз мушкилиҳо ин аст, ки омӯзгорон дар дарс ҳамеша бо забони адабӣ гуфтугӯ намекунанд ва нахуст забони омӯзгор бояд ислоҳ шавад, то барои шогирдон намуна гардад. 

Баҳсҳо атрофи рушди забони тоҷикӣ ва ислоҳи имлои он солҳо боз идома дорад. Забони тоҷикӣ дар пайи пойфишориҳои бардавоми зиёиёни тоҷик 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт. Дар ин муддат қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд. 

Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябри соли гузашта дар маросиме ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва дӯхурагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод кард ва гуфт, қоидаи имло танҳо барои олимон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад. Дар пайи ин интиқоди раиси ҷумҳур, масъулон барои омода намудани тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дастбакор шуданд.

Читайте на 123ru.net


Новости 24/7 DirectAdvert - доход для вашего сайта



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России



Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "123 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Smi24.net — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city

Бонгонда: стадион и база «Спартака» — мои любимые места в Москве

Кучно пошли!..

Департамент городского имущества оповещает об установлении публичного сервитута на земли, находящиеся в государственной собственности

«Айбат»? В России собираются выпустить автомобиль под названием i-Bat

Музыкальные новости

Шапки женские на Wildberries — скидки от 398 руб. (на новые оттенки)

Белоусов собирает новую команду в Минобороны: Ждать ли возвращения Суровикина?

В Санкт-Петербург прошел ХIХ Санкт-Петербургский международный книжный салон

Июньские дни духовности: Православные праздники месяца от ясновидящей Галины Янко

Новости России

Массовая драка со стрельбой в Москве попала на видео

Бонгонда: стадион и база «Спартака» — мои любимые места в Москве

Департамент городского имущества оповещает об установлении публичного сервитута на земли, находящиеся в государственной собственности

Шанс на уникальную карьеру. Десять детей получат балетный грант

Экология в России и мире

Российские туристы встретились с таджикскими строителями в Новой Зеландии и были удивлены их жизни и ответами на вопросы

Сотрудники отеля Yalta Intourist поздравили ветеранов с Днём Великой Победы

Дорожные ирригаторы Revyline RL 660 New Black скоро появятся в представительстве бренда в Улан-Удэ

Лукашенко лоббирует интересы Алиева по изоляции Армении

Спорт в России и мире

Теннисист Медведев потеряет место в рейтинге ATP

Немец Зверев выбил россиянина Медведева из топ-4 ATP

Экс‑теннисистка Джорджи обвиняется в краже мебели и ковров на €100 тысяч — СМИ

Рахимова прошла во второй круг турнира WTA в Рабате на отказе Таунсенд

Moscow.media

Экс-мэра Биробиджана осудили на 5 лет за злоупотребление полномочиями. Условно

"Возрождение интереса к народному искусству и ремеслам в современном мире"

Подтверждена совместимость облачной платформы SpaceVM и операционной системы AlterOS

Курайская степь.











Топ новостей на этот час

Rss.plus






«Айбат»? В России собираются выпустить автомобиль под названием i-Bat

Синоптик Вильфанд спрогнозировал погоду в Москве до конца недели

Шанс на уникальную карьеру. Десять детей получат балетный грант

Госюрбюро по Московской области проведет бесплатные консультации в Реутове