Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ки мухолифи омӯзиши хатти форсӣ нестанд, вале айни замон зарурати бозгашт ба онро намебинанд. Олимҷон Муҳаммадҷонзода рӯзи 29-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, “ҳар касе худро вориси адабиёти бузурги ҳазорсола медонад, бояд хатти форисро донад ва омӯзад”.