Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Панҷ бозигари "Пахтакор" ба бемории коронавирус гирифтор шуданд

Озмоиши панҷ бозигари ҳайати асосии бошгоҳи футоли «Пахтакор» -и Тошканд, қаҳрамони Узбекистон-2019, барои бемории коронавирус натиҷаи мусбат дод, хабар додааст сомонаи расмии бошгоҳ.


"Бо муайян кардани шахсони мубтало ба пандемияи коронавирус дар кишвари мо, бозигарон ва кормандони клуби футболи "Пахтакор" пайваста аз санҷиш мегузаранд. Замоне ки 5 бозигаре, ки худро бад ҳис карданд, барои коронавирус тест супориданд ва натиҷаашон мусбат шуд, бозигарон ва кормандон боз аз як санҷиш гузаштанд. Пас аз бозии даври 9-уми Суперлига бо АГМК, баъзе бозигарон мушкили саломатӣ доштанд, ки пас аз он машқҳо қатъ гардид", - гуфта шудааст дар хабари сомонаи бошгоҳи “Пахтакор”.  


Ҳамзамон панҷ бозигари мубталои бемории коронавирус ҷудо карда шуда, табобати онҳо оғоз ёфт. Бозигарон таҳти назорати доимии тиббӣ қарор дошта, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъминанд.


Дар ҳамин ҳол "Пахтакор" дар Суперлигаи Узбекистон баъди нӯҳ давр бо 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал аст ва нисбат ба АГМК, ки дар зинаи дувум қарор дорад, як имтиёз бештар гирифтааст. "Навбаҳор"-и Намангон бо 17 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.


Бозии даври даҳумро "Пахтакор" дар майдони худ рӯзи 29-уми июл бо "Насаф"-и Қаршӣ, ки бо 16 имтиёз дар ҷойи шашум мебошад, анҷом медиҳад. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus