Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Амрико раҳбари Чеченистонро барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим кард

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 20-уми июл Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии худмухтори Чеченистонро барои нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа, таҳрим намуд ва сафари ӯ ба Амрикоро манъ кард.


Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ва аз муттаҳидони Владимир Путин, аз паҳншавии коронавирус ҳамчун баҳонае барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии худмухтор истифода мекунад.


Оқои Помпео афзуд, "Вазорати хориҷӣ маълумоти муфассал ва муътабаре дорад, ки собит мекунад Қодиров масъули нақзи шадиди ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа ва қатлҳои худсарона ва ғайриқонунӣ аст".


Рамзан Қодиров рӯзи душанбе бо нашри аксе бо чеҳраи хандон дар саҳифаи "Телеграм"-и худ навишт, "Помпео, муборизаро мепазирем, ин ҷолиб хоҳад буд".


Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар вокуниш ба таҳрими Қодиров дар Фейсбук навишт, "ҷуброни ин иқдом душвор хоҳад буд, вале як фикре хоҳем кард".


Тибқи ин таҳрим, ҳамсар ва духтарони Рамзан Қодиров низ иҷозаи сафар ба Амрико нахоҳанд дошт.


Ҳукумати Амрико дар гузашта низ оқои Қодировро тибқи қонуни "Магнитский" дар феҳристи сиёҳ қарор дода буд. Ин қонун, ки дар соли 2012 қабул шуд, сафари мақомоти Русияро, ки дар қатли Сергей Магнитский дахолат доштанд, мамнуъ кард.


Рамзан Қодиров пас аз поёни ду ҷанги хунин байни нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабон ва исломгароён, дар соли 2007 раҳбари Чеченистон шуд.


Ҳукумати Русия иддао мекунад, ки Рамзан Қодиров дар саркӯби исломгароёни мухолифи ҳукумат ва тундрав дар ин минтақа нақши муҳими ифо кардааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар ӯро масъули саркӯбҳои густурда ва нақзи шадиди ҳуқуқи башар медонанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus