Президенти Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ (КБО) Томас Бах эълом дошт, ки ба давраи дувум хоҳад рафт. Интихоботи раҳбари КБО эҳтимолан дар ҷаласаи ин созмон, ки баҳори соли 2021 дар Афина доир мегардад, баргузор хоҳад шуд.
"Агар шумо, аъзои КБО, хоҳед, пас ман омодаам, ки ба давраи дувуми президентии ин созмон бирасам ва ба шумо ва ҳаракати олимпӣ, ки онро дӯст медорем, чаҳор соли дигар хидмат намоям”, - гуфт Бах зимни нишасти матбуотӣ дар шабакаи КБО, ки дар YouTube намоиш дода шуд.
Кумитаи иҷроияи КБО якдилона хоҳиши мансабдори олмониро дар мавриди аз нав тамдид кардани ваколатҳояш дастгирӣ намуд. То ҳол Бахи 66-сола номзади ягона аст. Ин мумкин аст, ки ҳамин тавр боқӣ монад.
Президенти КБО вазифаи асосии худро дар баргузории Олимпиадаи Токио, ки ба соли 2021 мавқуф гузошта шудааст, мебинад. Томас Бах дар гузашта шамшерзани машҳур буд. Ӯ собиқ қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар соли 1976 мебошад. Бах соли 2013 президенти КБО интихоб шуда, дар ин вазифа Жак Роггеи белгиягиро иваз кардааст.