Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки дар Тоҷикистон як нафари дигар аз коронавируси нав фавтидааст ва шумори расмии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир то 10-уми июл ба 55 нафар расид. Дар ҳафтаи равон ин дуюмин ҳодисаи фавти шаҳрвандон аз бемории COVID-19 мебошад. Ҳарчанд бархеҳо омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд.
Ба иттилои расмӣ аз 30-юми апрел то 10-уми июл коронавирус ба 6457 кас дар Тоҷикистон сироят кардааст. Мақомот мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта 47 ҳолати нави гирифторӣ сабт шудааст.
Дар ин муддат 5115 ё зиёда аз 79 дарсад аз беморон шифо ёфтаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.
Зимнан дар миёни муҳоҷироне, ки охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавирус сироят ёфтаанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" 3 нафари бозгашта аз Олмон низ бо нишонаҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд.