Вазорати молияи ИМА ширкати Amazon-ро барои нақзи таҳримҳои марбут ба Қрими ғасбшуда аз ҷониби Русия, Эрон ва Сурия муҷозот кард. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкати маъруфи тиҷоратҳои интернетӣ барои нақзи таҳримҳои аз ҷониби Раёсати назорати маблағҳои хориҷӣ (OFAC) муқарраршуда дар ҳаҷми 134,5 ҳазор доллар ҷаримабандӣ мешавад. Манзур ин аст, ки ширкати Amazon ба афроди таҳти таҳрим ваё нафароне, ки дар Қриму Сурияву Эрон буданд, хадамоти тиҷоратӣ фароҳам кардааст. Дар изҳороти вазорати молияи ИМА гуфта мешавад, ки дар миёни солҳои 2011 ва 2018 корбарони интернет аз дохили Қрим, Сурия ва Эрон истода фармоишу корҳои тиҷоратиро тавассути сайтҳои Amazon анҷом медоданд. OFAC гуфтааст, ки ширкати Amazon суроғаву шахсияти фармоишгаронро дуруст намесанҷид. Дар робита бо Эрон хатои Amazon ин буд, ки ширкат бору молро на ба дохили Эрон, балки ба намояндагиҳои дипломатии он дар кишварҳои дигар ирсол мекард. Amazon иштибоҳашро эътироф кард ва ба пардохти ҷарима розӣ шуд.
Бар асоси таҳримҳои соли 2014, ИМА шахсият ва ширкатҳои ҳамкор бо Қрими таҳти назари Русияро муҷозот мекунад. Илова ба ин, воридот, содироти дубора ё реэкспорт, фурӯшу таъминоти нимҷазира бо молу хадамот ва фанновариҳо маҳдуд аст. Русия Қримро соли 2014 ғасб кард. Киеву кишварҳои ғарбӣ инро нақзи муқаррароти байналмилалӣ номида Русияро таҳрим карданд ва аз он замон чандин бор ин таҳримҳо тамдид шуд. Маскав мегӯяд, ки “ҳамроҳкунии” Қрим “адолати таърихиро барқарор мекунад”.