Департаменти давлатии ИМА Афғонистонро ба феҳристи кишварҳое шомил кард, ки барои хатми қочоқи инсон кори каме анҷом медиҳад ва мақомотро дар беамалӣ дар муқобили ғуломии кӯдакон дар бозори фаҳшо ва ҷалби онҳо ба ҷанг гунаҳгор кард. Гузориши солонаи вазъи қочоқи инсон, ки 25 июн нашр шуд, Афғонистонро ба феҳристи кишварҳое шомил кардааст, ки меъёрҳои ҳадди ақали хатми қочоқи инсонро риоя намекунад ва дар ин самт ҳеҷ талоше ҳам ба харҷ намедиҳад. Дар гузориш омадааст, ки дар соли 2019 “сиёсати ҳукуматӣ ваё роиҷ будани бачабозӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ҷалби кӯдакон ба сарбозӣ” мушоҳида шуд. Бачабозӣ ҷалби кӯдакон ба бозори фаҳшо аз ҷониби афроди сарватманд ва бонуфузро дар назар мегирад. Департаменти давлатӣ мегӯяд, “бо вуҷуди инки бисёриҳо медонанд, ки бисёр ходимони полис ва мақомоти баландпоя, инчунин дар вилоятҳо, аз ҷумла дар вазорати умури дохилӣ даст ба бачабозӣ мезананд, мақомот вуҷуди ин мушкилро қотеона рад карда ин гузоришҳоро таҳқиқ намекунанд”. Дар натиҷа, мегӯянд муаллифон, “ҳукумат ҳеҷ гоҳ як ходими полисро барои бачабозӣ муҷозот накардааст”.