Як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон оташ гирифтааст. Дар раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, оташнишонҳо ба маҳалли ҳодиса рафта, сӯхторро хомӯш карданд ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар раёсати умури дохилии вилоят гуфт, айни замон сабаби сар задани оташ маълум нест ва тафтиш идома дорад.
Сулаймон Исозода, раиси идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон, гуфт, аз ҳодиса хабар надорад, чун ба салоҳияти сӯхторнишонҳо ворид мешавад.
Дар ҳамин ҳол, корбарони Радиои Озодӣ ду наворе фиристоданд, ки дар яке саҳнаи оташ гирифтан ва баъдан мунфаҷир шудани бушкаи сӯзишворӣ дида мешавад.
Ба қавли шоҳидон, эҳтимол сӯхтор аз гази моеъ сар зада, баъдан ба қисматҳои дигар печидааст.
Дар гузашта низ дар Хатлон чанд ҳолати сӯхтор дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сабт шуда буд, ки дар натиҷа ба хонаҳои мардум зарар ворид карда, чанд нафар ҳам осеб дида буданд. Бар асари як чунин таркиш дар соли 2017 дар ҷамоати “Бустонқалъа”-и ноҳияи Кушониён Маликхон Малахови 35-сола фавтида, 21 нафар бо шумули кӯдакону наврасон ҷароҳат бардоштанд.
Он замон идораи оташнишонӣ ва дигар мақомоти интизомии Хатлон гуфта буданд, ки бояд тамоми нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ҷойҳои дуртар аз маҳалҳои аҳолинишин бунёд шавад. Огоҳони умур мегӯяд, ки пешниҳоди кӯч додани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бо сар задани ҳар як ҳолати сӯхтор ё таркише ба миён меояд, вале баъдан ба боди фаромӯшӣ супурда мешавад.