Раҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, кишварҳо дар саросари ҷаҳон бояд гӯшбақимор бошанд, чун эҳтимолияти дубора “зинда шудани” коронавирус вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки Аврупо маҳдудиятҳоро бекор мекунад ва Чин бо хуруҷи дубораи вируси нав дастбагиребон аст. Бархе қисматҳои Пекин баста шудааст. Дар саросари ҷаҳон шумори гирифторони коронавирус ба 8 миллион нафар ва талафоти инсонҳо бар асари COVID-19 ба 436 ҳазор нафар расидааст. Тедрос Аданом Гебреусес гуфт, ки ҳоло вирус дар Осиёву Амрико дар авҷ аст. Баъди он ки дар Пекин давоми 50 рӯз ҳеҷ ҳодисаи нави олудашавӣ мушоҳида нашуд, дар паи хуруҷи дубораи вирус тарс аз мавҷи дуюми эпидемия ба вуҷуд омадааст.
Дар ҳамин ҳол дар Аврупо баъди се моҳи маҳдудиятҳо шурӯъ аз 15 июн марзҳои байниҳамдигарӣ боз мешаванд. Дар ИМА шумори олудашудаҳо 2,1 миллион нафар ва ҳолатҳои марг 116 ҳазор нафарро ташкил додааст. Пешгӯиҳои ҳукумат ин аст, ки то оғози моҳи октябр талафоти инсонҳо бар асари ин вирус метавонад аз марзи 200 ҳазор нафар убур кунад.