Чанде аз сокинони Ворухи Исфара даъво доранд, ки ҳафтаи гузашта марзбонҳои Қирғизистон ба чорвои онҳо ҳамла карда, нӯҳ говро бо корд захмӣ намудаанд. Мақомоти Исфара ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон расман ҳеч эътироз накардааст.