Як марди 62 сола дар назди бинои Идораи молияи шаҳри Кӯлоб субҳи 6-уми июн худро оташ задааст.
Масъулони Идораи молия ва мақомоти тафтишотӣ ҳанӯз ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомот мегӯянд, Зариф Абдуллоев, сокини маҳаллаи “Кӯҳнашаҳр”-и Кӯлоб ҳоло дар Шӯъбаи эҳёи беморхонаи вилоятӣ дар ҳолати “ниҳоят вазнин” қарор дорад.
Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки қисмати зиёди бадани Зариф Абдуллоев сӯхтааст ва дар баданаш захмӣ корд низ дида мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз маълум нест, ки худаш ба баданаш корд задааст, ё каси дигар.
Ба нақли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, Зариф Абдуллоев бо Идораи молияи Кӯлоб ҳамкорӣ доштааст ва муассисаҳои томактабии Кӯлобро бо маводи ғизоӣ таъмин мекардааст.
“Аз маълумоти расида, Идораи молия гуё ба ӯ ваъда додааст, ки таъминотро аз ҳисоби худ анҷом диҳад ва баъдан пулашро медиҳанд. Ӯ аз пули қарз ин коррро мекунад. Борҳо ба Идораи молия меояд, вале барояш пул барои сарфу харҷи боғчаҳо пешбинишударо намедиҳанд. Шоҳидон гуфтанд, ки аз дари Идораи молия берун мешавад. Аввал бо якчанд зарби корд худашро захмӣ мекунад ва баъдан худашро оташ мезанад”,-гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.
Ҳанӯз ин иттилоро мақомот расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Ба тамосҳои телефонии мо масъулини Идораи молия то ҳол посух надоданд.
Таҳқиқи ҳодисаро муфаттишони додситонии шаҳри Кӯлоб оғоз кардаанд.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!