Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се сокини ин ноҳияро барои ҳамла ба хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷарима кард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, онҳо ба авбошӣ муттаҳам шуданд ва ҳар кадоме ба пардохти 580 сомонӣ муваззаф гардиданд. Қарори додгоҳ рӯзи дувуми июн содир шуд.