Дар Тоҷикистон, ки то як ҳафтаи пеш аз пур будани шифохонаҳо ва афзоиши гирифторони COVID-19 шикоят мешуд, пизишкон якбора аз кам шудани сафи маризон ва холӣ шудани баъзе аз катҳои беморӣ хабар доданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар рӯзҳои ахир муроҷиати беморон кам шудааст.