Президенти ИМА Доналд Трамп дар суҳбат бо расонаҳо дар Вашингтон гуфт, кишвараш тасмим дорад аз Созишномаи осмони боз хориҷ шавад.
"Ман бо Русия робитаҳои хуб дорам, вале Маскав уҳдадориҳои худро дар доираи созишнома иҷро намекунад. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки мо созишномаи нав ба имзо расонем", - изҳор дошт Трамп.
Пештар расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Трамп тасмим дорад рӯзи ҷумъа Русияро дар бораи бурунрафти ИМА аз созишнома огаҳ кунад.
Созишномаи осмони боз моҳи марти соли 1992 имзо шуда, Русия онро соли 2001 тасвиб кард. 34 кишвар иштирокчии созишномаанд, ки барояшон иҷозат медиҳад ба хотири назорати фаъолиятҳои низомӣ дар осмони ҳамдигар парвозҳоеро анҷом диҳанд. Иштирокчиён ҳақ доранд, аз созишнома хориҷ шаванд, вале бояд нимсол пеш шарикони худро огаҳ созанд.
Дар Вазорати умури хориҷии Русия гуфтанд, ки дар мавриди бурунрафти ИМА аз созишнома огоҳиномаи расмӣ дарёфт накардаанд. Аммо ба гуфтаи масъулони вазорат, бурунрафти Вашингтон аз он низоми амнияти низомиро дар Аврупо зери зарба хоҳад гузошт. Вазорат ҳама гуна иттиҳомот зидди Русияро беасос меномад.
Ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта маълум шуда буд, ки ИМА имкони бурунрафт аз созишномаи мазкурро баррасӣ дорад. Вале Вашингтон он замон тасмими ниҳоиро қабул накард.